04:18 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
279 0 0

Ҳукумати Афғонистон 100 маҳбуси Толибонро аз маҳбас раҳо кард. Замони озодсозии зиндониён, синну сол ва ҳукми боқимондаи онҳо ба назар гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон нахустин гурӯҳи маҳбусони созмони террористии Толибонро (дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ ) аз зиндон раҳо кард, хабар медиҳад TOLOnews.

Манбаъ мегӯяд, озодсозии зиндониён бо фармони Ашраф Ғанӣ, президенти ин кишвар сурат гирифта, 100 маҳбуси Толибон аз маҳбас озод шуданд.

Ба иттилои мабаъ, замони озодсозӣ синну сол, вазъи саломатӣ ва ҳукми боқимонда ба назар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, исми маҳбусони раҳошуда ба рӯйхате, ки дар мулоқоти намояндагони Толибон ва ҳукумати Афғонистон баррасӣ шуда буданд, зикр шудааст.

Қаблан сухангӯи Дафтари сиёсии гурӯҳи террористии Толибон дар Қатар эълом кард, ки зиндониёни ин гурӯҳ пас аз озодӣ аз зиндонҳои давлати Афғонистон ба майдонҳои ҷанг боз нахоҳанд гашт.
Пеш аз ин, Ҷовид Файсал, сухангӯи Дафтари Шурои амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, ки бар асоси фармони Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури ин кишвар, раванди озодии тадриҷӣ ва машрути зиндониёни Толибон оғоз мешавад.

Мақомоти Афғонистон: Толибон иродаи воқеӣ барои барқарории сулҳ надоранд

Ба иттилои манбаъ, музокира байни намояндагони давлати Афғонистон ва ҳайати Толибон ҳафтаи гузашта дар Кобул барои озодии зиндониёни ду тараф ва дар ниҳоят ба манзури барқарории оташбас ва поёни ҷанг оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

Гурӯҳи Толибон хоҳони озодии панҷ ҳазор зиндонии худ дар муқобили озодии зиндониёни давлати Афғонистон аст.

Барчаспҳо:
фармон, раҳоӣ, зиндониён, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ