05:24 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
835 0 0

Кормандони милитсия шаҳри Душанбе як ҷавон ва ду ноболиғро, ки қаблан маҳкум шуда буданд, дар дуздии идораи букмекерии “Рахш” гумонбар медонанд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Кормандони милитсии шаҳри Душанбе як ҷавон ва ду ноболиғи қаблан маҳкумшударо дар дуздии 6 ҳазору 800 сомонӣ аз идораи букмекерии "Рахш" гумонбар медонанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ахиран ба ШВУД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, роҳбари ҶДММ "Рахш" муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми апрели соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба идораи букмекерии "Рахш", воқеъ дар кӯчаи Айнӣ даромада, аз дохили сандуқи оҳанин 6 ҳазору 800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Тавре манбаъ хабар додааст, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки дар содир намудани ин ҷиноят ҷавони 21-сола ва ду ноболиғи 15 ва 17-солаи сокинони пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, даст доштааснд.

Дар ҳоли ҳозир аз сӯи кормандони милитсия тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

Барчаспҳо:
гумонбар, Рахш, ноболиғ, ҷавон, букмекер, идора, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ