03:20 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
509 0 0

Мақомоти пулиси шаҳри Панҷакент аз боздошти хоҳарон ва духтари яке аз онҳо хабар медиҳад,ки дар ғорати як мағозаи ҷавоҳирот бо ҳаҷми калон муттаҳам ешаванд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik.  Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсаи Вазорати корҳои дохилии кишвар дар Суғд боздоштшудаҳо Саидпошо Муҳиддиноваи 48 сола бо хоҳараш Фаришта Муҳиддиноваи 43 сола ва духтараш Зиёзода Марҳабои 21 сола истиқоматкунандагони ҷамоати Ҳисори шаҳри Ҳисор мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбарон узви як хонавода бо маслиҳати пешакӣ барои тасарруфи молу ашё дар бозорҳо нуқтаҳои савдо ба шаҳри Панҷакент рафтаанд.

Манбаъ мегӯяд, ин нафарон рӯзона ба нуқтаи савдои ҷавоҳиротфурӯшӣ соҳибкор Шаҳло Раҳимова ворид шуда аз зери пешоқи савдо ҳамёни дохилаш панҷ зор сомонӣ буда  ва бо арзиши 174 ҳазору 170 сомонӣ маснуоти тиллоӣ ва нуқрагиро тасарруф кардаанд.

Онҳо ҳамчунин ба нуқтаи савдо воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар ҳудуди бозори Гулистон ворид гашта дар ҳамдастӣ ва мусоидати якдигар аз дӯкони либосфурӯшӣ либос тасарруф карда, баъди ба даст овардани фоидаи муфт ба Душанбе баргаштаанд.

Гуфта мешавад гумонбарон баъди як моҳи бозгашт ба пойтахт боздошт ва маблағи зараррасонида қисман барқарор карда мешавад.

ВУД мегӯяд, аз рӯйи ин ҳодиса парванда оғоз шуда тафтишот идома дорад

Барчаспҳо:
дуздӣ, мағоза, Панҷакент, Ҳисор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ