14:08 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7902 0 0

Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду корманди милитсияи Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар хабар дод

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуолти Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон муфаттиши шуъбаи тафтишотӣ ва ваколатдори калони фаврии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари америкоӣ дастгир гардиданд.

 Тибқи иттилои манбаъ, номбурдагон моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҳоҷибоев Абдусамад барои нисбат ба ӯ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ ба гирифтани пора  даст задаанд.

Боздоштшудагон аз номбурда дар хусуси гӯё бо роҳи дуздӣ аз Русия ба Тоҷикистон воситаи нақлиёт ворид намуда бошад, ҳазор доллари америкоӣ талаб намуда, гирифтаанд.

“Инчунин бо ҳамин роҳ аз шаҳрванд И.Ш. низ нуҳ ҳазор доллари америкоиро  тасарруф намудаанд”, таъкид доштааст Ожонсии зидди фасод.

Манбаъ қад намудааст, ки оид ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 247, қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Барчаспҳо:
доллар, пора, милитсия, боздошт, фасод, коррупсия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ