15:23 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
583 0 0

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе сарбоз Исроил Худойназаровро, ки аз макони хизматаш ба Русия фирор кардааст, ба ду соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Худойназаров Исроил, бо қарори комиссияи даъвати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 22-юми октябри соли 2017 солим барои хизмати ҳарбӣ қобил дониста шуд.

Манбаъ афзуд, ки сипас сарбоз барои идомаи хизмат ба қисми ҳарбии 3502-и қушунҳои дохилии ВУД Тоҷикистон сафарбар гардид.

“Номбурда, 13-уми феврали соли 2018 тахминан соати 07:30 дақиқа бо либосҳои низомӣ худсарона, бе сабабҳои узрнок маҳали хизматашро тарк намуда, ба самти номаълум ғайб зада, дигар ба ҷои хизматаш ҳозир нашудааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Додгоҳ илова намуд, ки Худойназаров 16-уми феврали соли 2018 тариқи хатсайри Душанбе – Челябинск парвоз карда, ба муддати 1 солу 11  моҳу 27 шабонарӯз ягон маротиба кӯшиши ба маҳалли хизматаш баргаштанро накардааст.

Манбаъ таъкид кард, ки сарбози фирорӣ баъди бозгашт аз Челябинск, 10-уми феврали соли 2020 аз ҷониби маъмурини милиса дар Бохтар боздошт шудааст.

Додгоҳи низомии Душанбе сарбози фирориро гунаҳкор дониста, ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум намудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ