14:13 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1900 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боз як ҷинояти одамкушӣ ва гаравгонгирии собиқ фармондеҳи Фронти халқиро ошкор намудаст

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсия муайян намуданд, ки пешдастгиршуда марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон дар куштори як сокини пойтахт гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш санаи 3-юми январи соли 1993, аз кӯчаи И.Сомонии шаҳри Душанбе марди 65-солаи сокини пойтахтро ба назди соҳили дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари-Пули ҷамоати деҳоти Ф.Саидов бурда, аз силоҳи оташфишони тамғаи "Макаров", ба қатл расонидаанд.

Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда, бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш санаи 30-юми октябри соли 1992, тахминан соати 13:00, аз кӯчаи И.Сомонии шаҳри Душанбе мардони 65 ва 50-солаи сокинони пойтахтро ба автомашинаи шахсии яке аз ҷабрдидагон, тамғаи "ВАЗ” 2106, бо таҳдиди силоҳи оташфишон маҷбуран савор карда, номбурдагонро ба МТМУ №20 деҳаи Қизил-Қалъаи ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ҳамин ноҳия бурда, онҳоро дар яке аз синфхонаҳои ин муассиса ғайриқонунӣ муддати 4-рӯз нигоҳ дошта, барои озод намуданашон маблағи пулӣ талаб намудаанд.

Боз хабар медиҳем: ВКД лаҳзаи истирдод ва бозпурсии Хӯҷа Командирро нишон дод - Навор

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 135 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВКД дар гузоришҳои қаблиаш низ Хӯҷа Каримов, як фармондеҳи собиқи Фронти халқиро, ки моҳи феврал аз Дубай истирдод шуд,бидуни зикри номи ӯ "марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон" ном мебарад. Хӯҷа Каримов яке аз бераҳмтарин фармондеҳони Фронти халқӣ ба шумор рафта, дар қатли даҳҳо нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешавад.

Барчаспҳо:
гаравгонгирӣ, куштор, иттиҳом, парванда

Мавзӯъҳои асосӣ