04:34 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1075 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ронандаи ҷавони 25-сола бар асари як садамаи маргбор дар шаҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар 191-ум километр ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон санаи 1-уми майи соли равон, сурат гирифтааст.

Тавре манбаъ қайд кардааст, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Ҳафизов Маҳмаднуриддин, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар 191-ум километр ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс Актрос”, таҳти идораи ронанда, Ҳасанов Муҳаммадниёз, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Узуми ноҳияи Ҷамолиддини Балхӣ, бархӯрдааст. 

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Портер” Ҳафизов Маҳмаднуриддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, мусофирони худрави мазкур, Ҳафиззода Ҷаҳонгир ва Мирзозода Довуд, сокинони ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Барчаспҳо:
ронанда, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, садама, шоҳроҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ