09:02 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
817 0 0

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 5 – 6 май дар кишвар боридани боронҳои бошиддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Рӯзҳои 5 – 6 май дар  доманакӯҳии вилояти Хатлон борони пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ аз эҳтимол дур нест, хабар дод “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Манбаъ афзуд, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ  ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  эҳтимоли  омадани сел вуҷуд дорад.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Вахш, инчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон (н.Айнӣ) баландшавии  якбораи сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар мавзеи кӯҳсор мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Инчунин Кумита дар рӯзҳои боронӣ дар наздикии ҳавзу дарёҳо қарор доштан ва ба моҳигирӣ машғул шуданро тавсия намедиҳад. Нафароне, ки гирифтори бемориҳои фишорбаландӣ ва дил ҳастанд, бояд дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бо худ доруҳои таъиншударо дошта бошанд.

Манбаъ афзуд, шаҳрвандон метавонанд дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо рақами 223 13 11 занг зананд.

Мавзӯъҳои асосӣ