18:11 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1341041

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз вазифааш барканор кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуд.

Фармони Эмомалӣ Раҳмон, дар ин бора имрӯз, 5 май, содир гашт.

Дар он гуфта мешавад, Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод карда шавад.

Ҳамзамон, тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, бо як фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуд.

Ҷамолиддин Абдуллоев то ин замон директори Муассисаи давлатии Маҷмааи Тандурустии "Истиқлол"-ро ба зима дошт.

 

Мавзӯъҳои асосӣ