20:47 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
1002 0 0

Аввалин парвози махсуси ширкати "Уральские авиалинии" барои баровардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон шаби гузашта сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ба иттилои масъулини ширкати ҳавонавардӣ, тариқи ин парвоз 177 шаҳрванди Русия Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Тибқи нишондоди хатти парвоз ҳавопаймо аввал аз Душанбе ба Сургут расидаву пасон барои расонидани боқимонда шаҳрвандон ба Екатеринбург парвоз кардааст.

Парвоз аз Душанбе ба Сургут соати 00.13 ба вақти маҳаллӣ (соати 22.13 ба вақти Маскав) сурат гирифтааст. Қаблан масъулини ширкат гуфта буданд, ки 49 мусофир бояд ба Югра фароя ва пасон ҳавопаймо ба Екатеринбург меравад.

Сафорати Русия дар Душанбе рӯзи сешанбе ба шӯъбаҳои Русия ва Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд, ки ин парвозро имконпазир сохт, изҳори сипос кард.

Ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии" аз Душанбе ба Екатеринбург мебоист 4 май парвоз мекард, аммо бо сабабҳои номаълум хатсайр лағв гардида буд.

Ёдрас мешавем, парвозҳои бомаром байни Тоҷикистону Русия бо далели пандемияи коронавирус сар аз моҳи марти соли равон қатъ шуданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
шаҳрвандони Русия, парвоз, Екатеринбург, Сургут, Душанбе, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ