Ҳалокати писарбаччаи 17 сола аз сел дар Деваштич ва ҳушдори КҲФ

© фото очевидцевСелевой поток на дороге Худжанд-Аш
Селевой поток на дороге Худжанд-Аш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боронҳои шадиди рӯзи шашуми май ноҳияи Деваштич, ки боиси омадани сели азим шуд, як қурбонӣ дар пай доштааст

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждаии Тоҷикистон сокини 17-солаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич,  дар пайи боридани боронҳои шадди ва омадани сел дар сой афтода ҳалокат расидааст.

Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиаи маргбор дар Наврӯз: сели харобиовар дар се ноҳияи Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшуда замоне дар сел афтод, ки дар кӯҳ чорво мечаронид ва ҳамроҳаш касе набуд то наҷоташ диҳад.

Ин сокини ҷамоати Муҷун ҳангоми убур аз сойи Бешкалсой ба оби пуртуғён афтодаву ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, бар асари сели азим ҳамчунин  пули Бешкалсойи деҳаи Панҷбоғи ҷамоати деҳоти Муҷун қисман зарар дида, ҳаракати нақлиёт муваққатан боз дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори  дигар ба сокинони рустоҳои кӯҳӣ таъкид кардааст, ки дар рӯзҳои пурбориши баҳорӣ дар роҳандозии корҳои саҳро, киштукор, чорвочаронӣ, рафтан ба шикоргоҳ ва ё ғунучини ҳезум ё алаф худдорӣ намоянд.

“Бахусус, сокинон бояд талош кунанд нобилиғонро дар чунин рӯзҳо ба танҳоӣ чорвочаронӣ нафиристанд”-афзудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0