13:45 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
304 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ноболиғи 17 сола хабар медиҳад, ки дар қатли модарандараш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод боздоштшуда ноболиғи 17 сола  сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

“Номбурда, рӯзи 7-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 14:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо модарандараш зани 31-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба пушташ задааст”-афзудааст манбаъ.

Вазорат мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ноболиғ боздошт шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
корд, модарандар, куштор, ноболиғ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ