11:38 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
714 0 0

Яке аз шартҳои мусолиҳаи тимҳои Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ду ҷониби мухолифи ҳукумати Афғонистон, ба генерал Абдурашид Дӯстум, раҳбари ӯзбекҳои он кишвар додани унвони “маршал” аст

ДУШАНБЕ, 8 мая – Sputnik. Муҳибуллоҳ Нурӣ, раҳбари Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои “Қалби Осиё», яке аз аъзои тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тими “Суботу ҳамгироӣ” як рӯзи қабл пешниҳодҳои ҷадиди худро барои тавофуқи сиёсӣ пешниҳод кард ва яке аз шартҳо ба генерал Дӯстум рабт мегирад.

“Дар санад дар як сархат чунин оварда шудааст: “Старҷанрол Абдуррашид Дӯстум, муовини пешини раёсати ҷумҳурӣ, аз ҷониби раҳбари “Суботу ҳамгароӣ” ба ҳайси муовини Сарқумандони Аъло муаррифӣ ва бо фармони раисҷумҳур ба рутбаи моршолӣ иртиқоъ дода мешавад”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Ба қавли ӯ, санади чорчӯби тавофуқи сиёсӣ, ки аз сӯи тими Доктор Абдуллоҳ пешниҳод шудааст, ба тими Доктор Ғанӣ дар умум писанд омада, эҳтимоли ба ҳамин қарибӣ расидани ҷонибҳо ба як тавофуқ вуҷуд дорад.

Тибқи ин санад, “Суботу ҳамгироӣ” - тими Доктор Абдуллоҳ таъсиси Шӯрои олии давлатӣ, ки тамоми раҳбарони умдаи Афғонистонро муттаҳид мекунад ва садорати иҷроӣ – шохаи иҷроии ҳукуматро тақозо кардааст.

Ниҳоди аввалиро раис ва дувумиро садри аъзам бояд раҳбарӣ кунад, ки ҳарду ҳам дар сурати ба миён омадани тавофуқ бояд Доктор Абдуллоҳ бошад.

“Панҷоҳ дарсад аз вузаро, руасои мустақил, муинон ва суфаро, ба шумули ниҳодҳои амниятӣ ва вазоратҳои калидии мулкӣ тавассути садри аъзами иҷроӣ бо меҳварияти сулҳ муаррифӣ мегардад. Раис ва муовинони луи соранволӣ (прокурори генералӣ) низ шомил ин мувозинаи панҷоҳдарсадӣ мебошад.

Аз миёни чаҳор мақоми калидии амниятӣ (мушовири амнияти миллӣ, вузарои дифоъ, дохила ва раиси умумии амнияти миллӣ), ду мақоми он тавассути садри аъзами иҷроӣ бо меҳварияти сулҳ муаррифӣ мешавад”, - омадааст дар санад.

Ба ҳамин минвол, дар ҳоли пазируфта шудани шартҳои тими “Суботу ҳамгироӣ” аз сӯи тими “Давлатсоз” – и Доктор Ғанӣ, он чӣ барои Афғонистон, бахусус ӯзбекҳои ин сарзамин таърихӣ мешавад, ба рутбаи баландтарини низомӣ – маршалӣ расидани Абдурашид Дӯстум хоҳад буд.

Қабл аз ӯ соли 2002 ин унвон ба Муҳаммад Қасим Фаҳим, аз сӯи ҳукумати Ҳомид Карзай дода шуда буд. Дар ҳоли ҳозир ӯ ягона маршали Афғонистон ва ҳам тоҷикони рӯи дунё маҳсуб мешавад.

Қасим Фаҳим пас аз марги шахсияти устураӣ Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарии Ҷабҳаи муттаҳиди зиддитолибонии Афғонистонро бар зимма дошт. Хизмати ӯ ин буд, ки замоне эътилофи байнулмилалӣ вориди Афғонистон шуд, нерӯҳои таҳти фармонаш бо пуштибонии ҳавоии амрикоиҳо ҳукумати Толибон ва “Ал-қоида”-ро ба осонӣ суқут доданд.

Роҳи низомии Дӯстум

Абдурашид Дӯстум роҳи низомиашро соли 1978 аз сарбози оддии режими коммунистии Ҳафизулло Амин сар карда, унвони генерал-майориро соли 1989 аз Доктор Наҷибуллоҳ, роҳбари вақти Афғонистон гирифт, вақте фирқаи маъруфи 53 – и Урдуи миллии он кишварро фармондеҳӣ мекард.

Рутбаи генерали артишро аз раисҷумҳур Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ соли 1992 ба даст овард, вақте муовини вазири дифоъи Афғонистон буд.

Вай дар ҷанги Афғону Шӯравӣ (1979—1989), ҷанги шаҳрвандии Афғонистон (1989—1992), Муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ (1992—2001) ва ҷанги феълӣ бо Толибон ва ДОИШ (аз соли 2015) ҳузур ва ширкати муассир доштааст. Абдурашид Дӯстум тайи 30 соли ахир раҳбари бебаҳси ӯзбекҳои Афғонистон маҳсуб мешавад.

Ӯро як чеҳраи “сархӯр” ва ҳам “подшоҳсоз” - и Афғонистон мехонанд. Ӯ дар суқути ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ ва ҳам Бурҳонуддини Раббонӣ дар солҳои 90 – уми асри гузашта нақши ҳалкунанда дошт. Соли 2014 як бозуи қавии Ашраф Ғанӣ буд, ки президенти Афғонистон шавад.

Аммо расидан ба рутбаи баландтарини низомӣ – маршалӣ қабл аз ҳама подоши заҳамоти як соли ахири ӯ дар тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ хоҳад буд, ки Дӯстум то кунун минҳайси як пояи қавитарини низомиву сиёсии он устувор истодааст.

Барчаспҳо:
Абдулло Абдулло, Ашрафғанӣ, генерал, Афғонистон, Абдуррашид Дустум

Мавзӯъҳои асосӣ