20:06 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
341 0 0

Феълан вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқиша ва тирпарронию сангандозӣ мӯътадил арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар робита ба вазъияти баамаломада бо ҳамтои тоҷики худ Ҳикматулло Пираков гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо зимни сӯҳбати телефонӣ қазияи марзиро баҳсу баррасӣ намуда барои ошкор намудани асли воқеа гирд омадани ҳар ду ҷониб сари мизи муколамаро зарур шумориданд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: қирғизҳо мегӯянд оташро тоҷикҳо кушоданд

"Ҷонибҳо розӣ шуданд, ки нерӯҳои иловагиро аз ҷои ҳодиса кӯч диҳанд", - омадааст дар хабар.

Ҳамин тавр, санаи 10 - уми май бо иштироки роҳбарони манотиқ, сохторҳои амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар мулоқот баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи даргириҳои рӯзи 8 - уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар захмӣ шудаанд

Ин ду нафар сокинони маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Аёмиддин Шарипов, мутаваллиди соли 1971 ва Фазлиддин Фозилов, мутаваллиди соли 1983 мебошанд, иттилоъ дод  Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдории Исафара ба Sputnik Тоҷикистон. Ӯ гуфт, ки аввалӣ, ҳангоми сангпартоӣ аз сар захми шадид бардошта, дигарӣ аз тири силоҳи шикорӣ шадидан маҷруҳ шудааст.

Бино ба иттилои сухангӯи шаҳри Исфара, ихтилоф замоне сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд "худсарона ва дидаву дониста" ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.

Барчаспҳо:
вазъият дар марз, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ