17:30 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1408 0 0

Раёсати Вазорати умури  дохилии Тоҷикистон дар Душанбе мегӯяд  гаштугузор дар хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни ниқоб қатъиян манъ аст

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Раёсат, зимни гузаронидани як амалиёти профилактикӣ фаҳмондадиҳӣ 50-ҳолати риоя накардани талаботҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқаррагардида ба қайд гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ зимни гузаронидани суҳбатҳои профилактикӣ муаян шуд, ки ҳанӯз ҳам дар кучаву хиёбонҳои пойтахт нафароне ҳастанд, ки бе ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, ва риоя накардани масофаи иҷтимоӣ гашту гузор мекунанд, ки ин амали онҳо пеш аз ҳама боиси ба хатар гузоштани худ ва атрофиён дигар мегарданд.

Манбаъ мегӯяд, кормандони милитсияи пойтахт, бо он нафароне, ки зимни баргузории ин амалиёти профилактикӣ дар кӯчаву хиёбонҳо бе ниқоб ва риоя накардани масофаи иҷтимоӣ мушоҳида намуданд, суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Гуфта мешавад, дар доираи амалиёти профилактикии мазкур дар дохили нақлиётҳои чамъиятӣ низ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки мутаассифона дар бештари маврид ронандагон аз меъёри муқараргардида зиёд мусофиронро ба автомашинаи худ савор карда, боиси ба хатар гузоштани дигарон мегарданд.

Дезинфекция
© Sputnik / Антон Подгайко

“Дар ин радиф шаҳрвандонро низ мебояд, пеш аз ҳама барои нигоҳ доштани саломатии худ аз нишастан ба чунин автомашинаҳои серодам худдорӣ намоянд”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, дар ҷараёни баргузории амалиёти профилактикии мазкур ҳолатҳои зиёди аз меъёри муқарраргардида зиёд гирифтани мусофирон ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ронандагони воситҳои нақлиёти мусофиркаш протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуданд.

Пулиси пойтахт ба шаҳрвандон гуфтааст, бидуни зарурат ба берун набароян ва ҳангоми баромадан қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Душанбе, сокинон, нақлиёти мусофиркашон, рейд, РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ