Дузд дорухонаи беморхонаи вилоятиро зад

© Sputnik / Амир ИсаевВ аптеке в Душанбе. Архивное фото
В аптеке в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дорухона дар шаҳри Кӯлоб ҳадафи дуздӣ қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik.  Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар Кӯлоб, ҷавони 25-сола, муроҷиат карда, арз доштааст, ки дар дорухонаи беморхонаи вилоятӣ шаҳри Кӯлоб дуздӣ содир шудааст.

Медицинский центр №1 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шифои муллои шинохтаи Тоҷикистон аз коронавирус-акс

“Санаи 8-уми майи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи кушодани тиреза ба дорухона, воқеъ дар беморхонаи вилоятиии шаҳри Кӯлоб ворид шуда, аз дохили ҷевон 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маъмурини милиса, ҷавони 24-солаи сокини ҳамин шаҳрро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани дуздии мазкур дастгир кардаанд.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид карданд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ҳадафи дуздӣ қарор гирифтани дорухона дар ҳолест, ки феълан дорухонаҳо ба далели афзоиши ниёзи мардум ба лавозимоти тиббӣ ва боло рафтани нархи ин маҳсулот аз маконҳои сердаромад арзёбӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0