05:15 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (441)
3240 0 0

Забоншиноси шинохтаи тоҷик, профессор Баҳриддин Камолиддинов субҳи имрӯз дар синни 85 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik.  Профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси машҳури кишвар, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар синни 85 солагӣ, баъди як рӯзи фавти духтараш Гулнора даргузашт.

Чанд рӯз қабл хабарҳо дар бораи мубталои коронавирус шудани устоди фарҳехта нашр шуда буд ва ахир дирӯз баъди вазнин шудани саломатӣ ба беморхона мебаранд. 

Ба гуфти наздикони марҳум рӯзи гузашта духтари ӯ Гулнора Камолиддинова низ аз ин беморӣ фавтид ва устод бошанд субҳи имрӯз дар беморхона даргузаштаанд.

Ба иттилои манобеъ ҷасади ӯро дар қабристони маъруф бо "Калинин" ба хок супурдаанд.

Баҳриддин Камолиддинов, 8- уми октябри соли 1935 дар ноҳияи  Ашт  таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи педагогии ш.Конибодом дохил шуда онро 1953 ба итмом расонида худи ҳамон саол фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз менамояд.

Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ  ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.

Марҳум солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 ба вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст.

Профессор Камолиддинов барои саҳми арзишмандаш дар рушди забоншиносии кишвар ба унвонҳои баланд аз қабили Дорандаи нишони сарисинагии "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон" ва "Комёбиҳои беназир дар таълими мактаби олӣ" буда, бо 2 Грамотаи фахрии Раёсати Шўрои Олии ҶСШ Тоҷикистон мукофотонида  шудааст.

Устод Баҳриддин Камолиддинов, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи ДМТ буда яке аз сутунҳои забони адабӣ унвон мешуд. Номбурда дар таълифи асару мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва ба воя расонидани мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ ва олимони ҷавони забоншинос саҳми арзанда дорад.

Профессор Б.Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015),  “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007),  “Сухан гуфтию дурр суфтӣ  ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, илмию методӣ аст.

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (441)

Мавзӯъҳои асосӣ