01:52 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6175 0 0

Генерал – майор Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди кишвар ва комменданти низомии Душанбе дар синии 76 – солагӣ тарки олам кард

ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Хуршеда Ақназарова, яке аз пайвандони генерал ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои ахир марҳум ҳеҷ алоиме аз маризӣ ё нотобиро надошт ва нимашаби гузашта якбора бистарӣ шуду дунёро тарк кард.

“Тақрибан як моҳ пеш бо маризии дил дар шифохона бистарӣ шуда, табобат ёфта буданд. Аммо то ба ҳол хеле бардаму сиҳатманд буданд ва ростӣ, якбора гузаштанашонро ҳеҷ касе интизор надошт. Аҷал ҳақ аст ва Худованд худаш доност”, - гуфт Хуршеда Ақназарова.

Генерал – майор Абдулназар Абдуласанов аз наздикони академикони маъруфи тоҷик - Маҳмадшоҳ Илолов ва Оғоназар Ақназаров аст.

Абдулназар Абдуласанов (Абдуласанов Абдулназар Абдуназарович), ходими низомии тоҷик, генерал-майор (1997), 21 октябри соли 1944 дар деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон зода шуда, хатмкардаи курсҳои яксолаи омӯзишгоҳҳои олии умумиқӯшунии фармондеҳии шаҳрҳои Боку (1967) ва Тошканд (1968), Академияи ҳарбии ба номи Михаил Фрунзеи шаҳри Маскав (1986) мебошад.

Генерал Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон
аз бойгонии Абдулназар Абдуласанов
Генерал Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон

Ӯ тамоми умр дар ҷузву томҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият кардааст, аз ҷумла командири взвод, рота, баталион, сардори ситод дар ҷузъу томҳои гуногуни Округи ҳарбии Туркистон ва коменданти ҳарбии комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Самарқанд (1967 – 90) будааст.

Пас аз касби истиқлолият кардани Тоҷикистон ӯ як муддат ба симати афсари калони шӯъбаи қӯшуни Кумитаи мудофиаи ҶТ (1992 – 93) кор кардааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон коменданти ҳарбии шаҳри Душанбе (1993 – 97) ва пас аз имзои тавофуқномаи сулҳи тоҷикон муовини вазири дифоъ – фармондеҳи Нерӯҳои хушкигарди Неруҳои мусаллаҳи ҶТ (1997 – 2005) буд.

Охирин маъмурияти ӯ атташеи ҳарбӣ дар назди сафоратхонаи ҶТ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой буд, ки соли 2008 анҷом ёфт.

Дорандаи орденҳои “Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР”, “Ситораи Сурх” ва як қатор нишонҳо қадрдонӣ шудааст. Лаҳзаҳое, ки гузориш омода мешуд, ҷанозаи генерал – майор Абдулназар Абдуласановро барои ба хок супоридан ба қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе интиқол медоданд.

Барчаспҳо:
даргузашт, генерал, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ