19:18 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1395 0 0

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Машҳура Расулзодаро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Машҳура Расулзода худро корманди ин ниҳод муаррифӣ карда, аз корафтода барои ҳуҷҷатгузории заминаш 25 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Расулзода Машҳура Пардақуловна моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Собиров Ф.Х. даромада, ба охирин худро ҳамчун корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, аз ӯ барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,20 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, дар се ҳолат маблағи умумии 25000 сомониро гирифта тасарруф намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбати Расулзода бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Назари худи Расулзода ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ҳолатҳои қаллобӣ бо сӯиистифода аз номи шахсони воломақом ё ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар Тоҷикистон ошкор шуда буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ