09:01 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
332 0 0

Имрӯз бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 мошини пурбор кумаки моддии фиристода шудааст

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Кумакҳои моддӣ аз ҷониби президенти кишвар бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, дода хоҳад шуд, хабар додааст, “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ дар ҳаҷми 500 тонна маводи хӯрокворӣ бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ дастрас мегардад.

Манбаъ мегӯяд, маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

“Дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо маблағи умумии 2 миллион сомонӣ маводи зарурии доруворӣ ва ба беморхонаи марказии вилоят 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ тӯҳфаи Президенти мамлакат фиристода мешавад. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Тибқи иттилои манбяъ, чанд рӯз пеш низ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми иншооти соҳаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 500 тонна ангишт дастрас гардид.

Гуфта мешавад, кӯмаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи ВМКБ-ро фаро мегирад.

Дар зудтарин фурсат: рафти сохтмони дармонгоҳи сайёр дар варзишгоҳи "Бофанда" - акс

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, давоми 24 соати рӯзи гузашта дар Тоҷикистон 106 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 6 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 907 нафар расиду, теъдоди ҷонбохтагон ба 29 кас расидааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)

Мавзӯъҳои асосӣ