07:38 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
97620

Соҳибкори шинохта Муҳиб Бобоҷонов, ки ҳамеша президенти кишвар дар сафарҳояш аз саховатмандиии ӯ мисол меорад ҳамроҳи фарзандонаш ба зиёда аз 400 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт 200 ҳазор сомонӣ додааст

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Кумаки ироакардаи оилаи Бобоҷонов рӯзи гузашта сурат гирифта, барои 400 табиби ноҳияи Рашт дар ҳаҷми 500 сомонӣ тақсим хоҳад шуд, хабар додааст, “Ховар”.

Муҳиб Бобоҷонов гуфтааст,  бо фарзандонаш ҳамеша барои кумак дар чунин рӯзҳои мушкил бо фарзандонаш омода аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи паёми ахираш  ба Маҷлиси Олӣ аз корномаи ин соҳибкори  тавсиф намуда, гуфт, Муҳиб Бобоҷонов — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.

Қаблан низ дар интернет навори хайрияи Раҳимҷон Бобоҷонов,  тоҷири тоҷики  муқими Русия давр мезад, ки гуфта мешуд ӯ се миллион рублро ба муҳоҷирине, ки дар шароити пандемия бекор мондаанд тақсим кардааст.

Писари муҳофизи №1-и президент ба сокинони пойтахт маводи антисептикӣ ва ниқоб дод

Гуфта мешавад, Раҳимҷон Бобоҷонов, низ яке аз фарзандони Муҳиб Бобоҷонов аст, ки дар русия яке аз тоҷирони муваффақ аст.

Таъкид мешавад, корҳои ободоние, ки  Муҳиб Бобоҷонов ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт, кардаанд миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
Хайр, табибон, соҳибкор, Рашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ