11:40 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
319802

Ҷасади марҳумро то соати 22:00 ҷустанд вале натиҷа надод. Корҳои ҷустуҷӯ имрӯз аз сар гирифта шуданд.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Як сокини солхурдаи ноҳияи Хуросон, ки дар пайи сабти борону сел ба қаъри он афтидаву то ҳол ҷасадаш пайдо нагаштааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи нохуш баъд аз зуҳри, 15-уми майи соли равон, тахминан соати 15:45 дақиқа рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, марди 65-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ҳангоме мехостааст бо телефони дастӣ ҷараёни омадани сел ва борони пуршиддатро наворбардорӣ кунад, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст. 

Манбаъ мегӯяд,  ба ҷойи ҳодиса сардори бахши ноҳия, наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва хешу наздикони фавтида ҳозир шуда корҳои ҷустуҷӯиро оғоз намуданд.

Гуфта мешавад,  ҷасади марҳумро то соати 22:00 ҷустанд вале натиҷа надод ва корҳои ҷустуҷӯи бошад  рӯзи гузашта аз сар гирифта шуданд.

Ин дуввумин қурбонии сел зарфи се рӯзи ахир дар Хуросон мебошад. Қаблан низ санаи 14-уми май як марди 55-солаи ин ноҳия ногаҳон дар ҷараёни сел афтод ва натавонист худро наҷот диҳад ва ба ҳалокат расид.

Борон, шамол ва раъду барқ: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз

Кумита мегӯяд, аксари ин қурбоншуданҳо бар асари беэҳтиётӣ рух медиҳанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар чунин ҳолатҳо дар ғами таъмини амнияти худ ва атрофиёни худ бошанд.

Барчаспҳо:
наворбардорӣ, телефон, мард, сел, ҳалокат, Хуросон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ