Оқибати майнушӣ: соҳибхона дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳи 50 - солаашро то мурдан куфт

© PixabayПохмелье, архивное фото
Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Кормандони милитсия ҷасади зани 50 - солаи сокини шаҳри Бӯстонро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт намуданд.

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занашу худашро кушт ва чор фарзандро ятим кард: шарҳи куштор дар Панҷакент
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҷасади марҳумро кормандони милитсия  санаи 17-уми майи соли 2020, тахминан соати 20:00, дар хонаи истиқоматии марди 42-солаи сокини кӯчаи Ҷавонии шаҳри Бӯстон пайдо карданд.

Муайян гардидаст, ки ҳамон рӯз тахминан соати 15:00, сохибхонаи 42 - сола бо ҳамроҳии марҳума дар хонаи истиқоматиаш машрубот истеъмол намуда, ҳангоми муноқишаи ба миён омада охиронро мавриди лату кӯб қарор додааст.

Қатли меҳмон аз сӯи мизбон: ҳамқадаҳ будаанд

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегуяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0