Даргузашти 4 руҳонӣ аз 1 оилаи шинохтаи Тоҷикистон тайи як ҳафта

© Flickr \ mrehanМолитва, архивное фото
Молитва, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қорӣ Баҳриддин, руҳонии шинохта аз хонаводаи маъруфи эшонҳои Нилконӣ дар водии Ҳисор, баъди ду ҳафтаи қарор доштанаш дар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҷон дод

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Далели даргузашти Қорӣ Баҳриддин вабои коронавирус арзёбӣ мешавад.

Марҳум Қорӣ Баҳриддин нафари чорум аз хонаводаи эшонҳои Нилконӣ мебошад, ки тайи қариб як ҳафтаи охир бар асари коронавирус дунёро падруд гуфтанд.

Бар асоси иттилои дарёфтӣ, нахуст дар оғози даҳаи дуюми моҳи май бародарбузурги Нилкониҳо – Эшони Шамсиддин даргузашта, дар зодгоҳашон деҳаи Нилкони шаҳри Ҳисор ба хок супорида шуд.  Чанд рӯз дар миён бародари Эшони Шамсиддин -  Эшони Наҷмиддин ва писараш - Эшони Тоҷиддин ҷонро ба ҷонофарин таслим намуданд.

Аз шустану кафан то ҷанозаю дар қабргузории фавтида аз COVID-19: эълони Кумитаи дин

Ахиран шаби 18 ба 19 май қорӣ Баҳриддин низ даргузаштаст. Маросими видоъ бо руҳониёни шинохта бо риояи қоидаҳои бехатарию беҳдошт баргузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0