15:24 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
289602

Идораи милисаи Душанбе хабар дод, ки дар пайи таҳқиқи навори ҳамсояҷанг, ки ахиран дар фейсбук нашр шуд, нисбати 3 зан парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати умури дохилии Душанбе,  17 май шаҳрванд Бозорова Хатича тариқи фейсбук 3 навор нашр кардааст, ки дар онҳо ҳолати аз ҷониби ҳамсоягон мавриди латукуб ва дашному ҳақорат қарор гирифтанаш инъикос ёфтааст. Наворҳои сабткардаи Бозороваро, ки дашномҳои қабеҳ дорад, РВУД нашр кардаст.

“Корманди милитсяи пойтахт дар доираи санҷиши ҳолатҳои дар наворҳо инъикосгардида шахсияти 3 нафар зане, ки лаҳзаҳои ҳамла, дашному ҳақоратдиҳӣ ва ба таври ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии муроҷиаткунанда Бозорова Хатича гардиданашон дар наворҳо омадааст, ошкору муайян намуда, ба мақомоти милитсия дастрас намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД иттилоъ додаст, ки ин занҳо  Амонова Сайрамбӣ, мутаваллиди 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, Мадинаи Шарифхон соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, муҷаррад ва Хайруллоева Самира, соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, муҷаррад, мебошад.

“Муайян карда шуд, ки дастрасшудагон тақрибан соати 12:00 дақиқаи санаи 17-уми май бо мақсади қасосгирӣ ба хотири он ки гуё фарзандони муроҷиаткунанда Бозорова Хатича оромии онҳоро халалдор намудаанд, ба таври худсарона дар ҳолати гурӯҳӣ бо вайрон намудани ҳуқуқи дахлнопазирии манзил бидуни хоҳиши муроҷиаткунанда ба хонаи истиқоматии ӯ ворид гардидаанд. Ин ҳолатро ҷабрдида мушоҳида намуда, ҳолати рафтори дағалона ва кирдори авбошонаи онҳоро ба навор гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, чун занҳо мебинанд, ки рафторашон ба навор гирифта шудааст, ба хотири нобуд сохтани навор дахлнопазирии манзили Бозороваро вайрон намуда, мехостанд телефони мобилиашро аз дасташ гирифта наворро нобуд созанд.

“Чуноне аз наворҳо бармеояд, гумонбарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо пойафзол охиронро мавриди латукуб низ қарор дода, бо овози баланд дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашро дар назди дигар ҳамсоягон паст задаанд”, - тавзеҳ додаст РВУД.

Ин ниҳод таъкид кардаст, ки нисбати ҳар се гумонбар Амонова Сайрамбӣ, Мадинаи Шарифхон ва Хайруллоева Самира аз ҷониби додситонӣ барои вайрон намудани дахлнопазирии манзил парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораҳо барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ андешида шуда истодаанд.

Назари гумонбарон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Мавзӯъҳои асосӣ