17:58 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1142 0 0

Дилшод Нурматов, зодаи Тоҷикистон, ки пас аз бастани сарҳадот дар ҳолати мушкил қарор дошт ва ҳамсараш пас аз чанд рӯзи таваллуд дар мусофират фавтид, тавонист ба назди кӯдаконаш, ки дар Русия танҳо буданд биёяд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Сарвари оила Дилшод Нурматов пас аз марги зан ва модари се фарзандаш ба Русия баргашт.

Дар ин бора  Имомуддин Сатторов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik  Тоҷикистон иттилоъ дод.

Спутник Тоҷикистон қаблан дар бораи ҳаводиси рухдоди оилаи Дилшод Нурматов хабар дода буд.

Худи Дилшод Нурматов пеш аз бастанис сарҳадот ба Тоҷикистонро рафтаву банд монд. Ҳамсараш бо модари чор фарзанд Нурматова Гулшан Расулқуловна дар русия дар беморхона фавтид.

Кӯдакони ноболиғи танҳояшро, ки охиринаш навзоди даҳрӯза буд ҳамсояҳои хайрхоҳаш зери паноҳи худ гирифтанд.

Маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия бошад, барои кумак ба онҳо пул ҷамъоварӣ кард.  
Имомуддин Сатторов гуфт, ӯ иҷозаи сафарро гирифт ва ягона мусофире буд, ки  бо ҳавопаймо ба Русия омад.

Ба гуфти ӯ, барои будубош дар Русия тамоми хуҷҷатҳояшро омода карда додаанд, то мушкиле пеш наоядаш.

Сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки падари оила тавонист фарзандонро бубинад.

Дилшод Нурматов 14 рӯз дар карантин хоҳад буд. То ба ҳол, ӯ барои оянда нақшаҳо надорад, аммо эҳтимолан дар Русия боқӣ хоҳад монд.

Барчаспҳо:
Имомуддин Сатторов, Сафири ҶТ, мотам, сарҳад, фарзандон, модар, фавт, муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ