08:29 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
211601

Саидшоҳ Акрамов, яке аз табибони варзидаи ҷарроҳ ва ҳамзамон донишманди шинохтаи кишвар дар синни 72 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Яке аз наздикони табиби шинохта дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Акрамов бомдоди имрӯз дар беморхонаи ноҳияи Масҷоҳ фавтиданд.

Ба иттилои манбаъ, наздикон ба ин бовар буданд, ки устод аз сактаи қалб даргузаштаанд, аммо вуҷуди коронавирус  дар устод низ ба ин боис гаштааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷанозаи марҳум пас аз зуҳри имрӯз соати 14:00 дар шаҳраки Бӯстон баргузор мешавад.

Чаҳор рӯз қабл хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани ин табиб дар беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ  пайдо шуда, гуфта мешуд ӯ аз бемории коронавирус ранҷ мекашад.

Марҳум бо вуҷуди куҳансолӣ яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ буд ва ҳамзамон атрофи мавзуоти муҳим фикру назароташро изҳор мекард.

Саидшоҳ Акрамов 27 апрели соли 1948 дар дезаи Виткони Кӯҳистони Мастчоҳ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1965 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1971 хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта яке аз аввалин ҷарроҳони ноҳияи Мастчоҳ шуда, фаъолиятро оғоз намуда, то ба имрӯз шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст.

Дар ин муддат ба ҳайси мудири шуъбаи “Ҷарроҳии урология ва травматология”, ёрдамчии сардухтур кор кардааст.

Саидшоҳ Акрамов дар баробари табиби варзидаву нотакрор будан, ба адабиёти тоҷик  хусусан ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, аз адабиёти Ғарб аз Нитшеву Кафка, Сорту Камю огаҳии зиёд дошта, абёти зиёде аз осори Мавлонои Румро ҳифз намудааст.   

Марҳум то имрӯз раиси Ҷамъияти "Дониш"-и ноҳияи Масчтоҳро ба уҳда дошта,  намояндаи фаъоли "Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-ПАЙВАНД" дар вилояти Суғд мебошад.

Мақолаҳои илмиву оммавии Саидшоҳ Акрамов дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ мунтазам нашр мешуд.

Муаллифи зиёди аз 30 мақолаи илмӣ мебошад. Мақолоти дар мавзӯи фарҳанг нашрнамудаи ӯро ба инобат гирифта Вазорати фарҳанги ҶТ соли 2012 Саидшоҳро ба нишони "Аълочии фарҳанги ҶТ" қадр кардааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ