14:18 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
710 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба сарвазири мамлакат ва ҳамзамон раҳбари Ситоди ҷумҳуривии муборизи бо коронавирус Қоҳир Расулзода, дастур додааст, ки аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор намояд

ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид карда гуфт, мунтазам гузориш диҳед, ки чанд нафар сироят ёфт, чанд нафар шифо ёфт, чанд нафар фавтид.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, пинҳонкорӣ накунед, мардум бояд ҳақиқатро донанд.

Пас аз баромади президент шоми гузашта Вазорати тандурустӣ дар баробари гирифторон ва фавтидагон нахустин маротиба омори шифоёфтагонро нашр кард.

Ӯ ҳамчунин Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявиро вазифадор кард, ки фаъолияти ситодро ҷиҳати пешгирӣ кардан ва пурра аз байн бурдани ин беморӣ ҷоннок карда, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намояд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои фаврӣ андешад.

Бар пояи оморҳои рӯзи гузаштаи Вазорати тандурустии кишвар, теъдоди гирифторон дар кишвар ба 2140 нафар (204 мавриди ҷадид) расидааст. 

Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтанд, ҳамзамон, то санаи 20 май дар кишвар аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.

Ҳамзамон то 20 май дар кишвар 3532 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 595 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ