11:54 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1646 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар расонидани хабари дурӯғ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, Давлатова М сокини ноҳияи Шоҳмансур ба милисаи пойтахт хабар додааст, ки ӯро санаи 27 апрел ду нафар марди ношиноси ниқобдор дар манзили шавҳараш зери латтукӯб қарор доданд.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ин нафарон дасту пояшро баста як миқдор маблағҳои пулӣ, ду адад телефон ва ҷавоҳироти тиллоӣ ки арзишашон ду ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи санҷиш муайян гаштааст, ки дар содир кардани ҷиноят дасти нафари дуввум дида намешавад ва худи ӯ дар ин кор даст дошта, бо хабари дурӯғ мехост тафтишотро ба гумроҳӣ барад.

“Дар пайи тафтишот муаян шуд ки ин кирдорро худи Давлатова М ба хотири тарсонидани шавҳараш содир кардааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, номбурда барои бовар кунонидан ҷиҳози хонаро парешон кардаву пулу телефону тилловориро пинҳон кардааст.

ВУД мегӯяд, ҳоло нисбат ба Давлатова М парвандаи ҷиноӣ барои расонидани хабари дурӯғ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дуздӣ, боздошт, ВКДҶТ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ