Омори мудҳиш: шумори гирифторини COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВрач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори мубталоёни коронавирус дар сартосари ҷаҳон бино бар оморҳои имрӯз аз панҷ миллион нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА имрӯз нашр шуд, шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 5 миллиону 561 нафар расидааст.

Очередь на рынок, устроенная по принципу социальной дистанции, в городе Пьюра, Перу - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо тибқи қоида: чӣ гуна ҷаҳониён меъёри фосилагириро риоя мекунанд - акс

Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ  бо нигаронӣ аз авҷи сироят ба коронавирус ин рақамро эълон карда гуфт, танҳо шабонарӯзи гузашта сироятёбӣ ба таври рекордӣ боло рафтааст, ки беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар пайи ин беморӣ беш аз 328 ҳазор нафар фавтидаву 1 миллиону 899 ҳазору 675 нафар шифо ёфтаанд.

Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико, Русия ва ҳамакнун Бразилия дар ҷойи авваланд. Чин, ки маркази нахустин пайдоши ин беморӣ мебошад ба зинаи 13 фаромадааст. Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 581 903 нафар), Русия (317 554), Бразилия (293 357) , Британияи Кабир (248 293), Испания (232 555), Италия (227 364), Олмон (178 531), Туркия (152 582) Фаронса (143 845), ва Эрон (26 949) дохил мешаванд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, дар бархе ноҳияҳо коронавирус нест ва шарҳ дод чаро-видео

Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар ИМА – 301 341, Русия  92 681, Бразилия – 116683 Испания – 150 376, Италия – 132 282, Олмон – 156 802, Туркия-113 987, Эрон – 98 808, Фаронса – 63354, Чин – 78 339 нафар мебошанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (93 806), Британияи Кабир (35 704), Италия (32 330 нафар), Испания (27 888), Фаронса (28 132), Бразилия (18 894), Эрон (783), Олмон (8 270), Туркия (4222), Канада (6031) дохил мешаванд.

Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 2140 нафар расид. Ҳамзамон 470 нафар шифо ёфтаву 41 нафар фавтидаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0