Ҳалокати зани 65-сола дар пайи тасодум дар Ҳулбук: ноӯҳдабароии ронанда

© Sputnik / Амир ИсаевГорная дорога в Таджикистане
Горная дорога в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пиёдагард Мирзоева С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохушӣ нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоати Ҳулбуки ноҳияи Восеъ гузориш медиҳад, ки дар натиҷа зани 65-солае ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 21-уми майи соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Тилабов Манучеҳр Буриевич, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромадааст", - менависад манбаъ.

Дар натиҷа, Манучеҳр Тилабоев пиёдагард Мирзоева Савлатбӣ, соли таваллудаш 1955, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро пахш намудааст. 

Марги мармузи пиразани танҳо дар Душанбе: кай ва бо кадом иллат фавтидаст, номаълум аст

Дар пайи ҳодисаи мазкур, мутаассифона  пиёдагард Мирзоева С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0