07:50 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
51220

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба ҳаммаи он нафароне, ки наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ карда аз даргоҳи Худованд ба эшон дар остонаи иди саиди Фитр сабри ҷамил хостааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар сокинони Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Рамазон табрик карда, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотияш гуфтааст, имсол мардуми сайёра, аз ҷумла мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид. Аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад.

“Вале мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд ва то имрӯз даҳҳо нафар ҳамватанонамон бар асари он вафот карданд”,-гуфтааст Раҳмон.

Президент дар идома дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил хостааст.

Раисиҷумҳур бори дигар ба мардуми кишвар таъкид кардааст, ки ҳар як сокини кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таври қатъӣ риоя кунанд.

Раимиҷумҳури кишвар гуфтааст, бемории коронавирус нишон дод, ки мо дар ин самт, хусусан, дар масъалаи омода кардани кадрҳо, таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ ҳанӯз чӣ қадар мушкилоти зиёд дорем.

“Модоме ки мо худро вориси Синои бузург мешуморем, бояд ҳарчи зудтар ин камбудиҳоро бартараф созем. Дар навбати аввал, масъалаи норасоии кадрҳои баландихтисосро ҳал кунем. Ба истеҳсоли таҷҳизоти тиббиву доруворӣ эътибори фаврӣ ва аввалиндараҷа диҳем, то муҳтоҷи дигарон набошем”,- таъкид кардааст президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз ҳар сокини саховатманди кишвар даъват кардааст ба ниёзмандон ва маъбону ятимон дар ин айёми ид барои кумак дар канор набошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ