22:58 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
337 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини ноҳияи Дӯстӣ хабар медиҳад, ки дар ғорати дӯкони нонфурӯшӣ даст доштааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 48-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки дӯконии нонфурӯшии ӯ мавриди ғорати дуздон қарор гирифт.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, санаи 18 ба 19-уми май, тахминан соатхои 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони нонпазӣ воқеъ дар кӯчаи Назаршоев даромада, аз онҷо 8 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ, марди 30 - сола, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстиро боздошт намуданд.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки номбурда пеш бо моддаҳои 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст.

Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Душанбе, боздошт, ғоратгарӣ

Мавзӯъҳои асосӣ