03:25 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
724103

Раҳматулло Абдуллоев, сокини 60-солаи ноҳияи Файзобод, бо зану писарон ва наберааш дучори садамаи нақлиётӣ шуд, ки дар натиҷа наздиконаш ҷон додаанд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Қаблан Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки дар садамаи пурқурбонии шаби 21 ба 22 май, 4 мусофири "Опел Астра" ба ҳалокат расида, ронанда Раҳматулло Абдуллоев дар беморхона бистарӣ шудааст.

ВУД аз ҳалокшудагон - Қаландаров Шукрулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1996, Амирзода Марям, соли таваллудаш 2014, Саидова Зебуниссо Буриевна, соли таваллудаш 1964, Қаландаров Ҷумъахон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокинони ҷамоати деҳоти Боғи-Мирӣ ном бурдаст.

Наздикони оилаи Қаландаровҳо мегӯянд, дар "Опел" волидон бо ду писар ва набераашон қарор доштанд. Абдуллоев, падари хонадон ва ронанди мошин дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Бархе аз манобеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳалокати ронанда низ хабар доданд, ки баъдан рад шуд.

Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи садама изҳор дошта буд, ки мошини  "Опел - Астра" таҳти идораи ронандаи 60 - сола, Абдуллоев Раҳматулло, сокини ҷамоати деҳоти Боғи-Мирии ноҳияи Файзобод, дар ҳудуди деҳаи Лолагӣ ба мошини “Шагман” бархӯрдааст. 

Вазорат тавзеҳ дод, ки автомашинаи тамғаи "Шагман", таҳти идораи Ҷобиров Шералии 51 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Д.Алии ҳамин ноҳия дар канори роҳ беҳаракат истода будаст.

Мавзӯъҳои асосӣ