Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

© Информационная служба ГУБДД МВД РУзКарантин в Узбекистане
Карантин в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯзбекистон дар ояндаи наздик чораҳои карантиниро тақвият мебахшад ва санҷиши назоратиро барои коронавирус васеъ менамояд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, ки чораҳои карантинӣ дар минтақаҳои кишвар ва шумораи санҷишҳо барои COVID-19 бинобар зиёд шудани шумораи ҳодисаҳои дар рӯзҳои охир ошкоршуда таҳким дода шаванд.

Пробирка с тестом на коронавирус в руках - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон марзи 3 ҳазор маризро убур кард

Дар ин бора дафтари матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ додааст.
Зимни мулоқот Мирзиёев қайд кард, ки роҳбарони аксари минтақаҳо ва корхонаҳои кишвар, инчунин шаҳрвандон чораҳои карантинро нодуруст қабул намуда, гумон мекунанд, ки ин беморӣ гузаштааст.

Дар робита ба ин, ӯ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони вилоятҳо супориш дод, ки минтақаҳое, ки вазъи эпидемиологӣ бадтар шудааст, баррасӣ кунанд ва оид ба тақвияти чораҳои карантинӣ пешниҳодҳо ирсол кунанд.

Вай инчунин аз Вазорати тандурустии кишвар даъват кард, ки санҷиши назоратиро барои COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, бозорҳо, бонкҳо ва ҷойҳои серодам вусъат диҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Ӯзбекистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буданд.

Қарантина дар ин кишвар аз 8 май ҷорӣ карда шуда буд. 

Қаблан муовини вазири тандурустии ин кишвар Баҳодур Юсуфалиев гуфт, ки дар Ӯзбекистон ахиран ҳар рӯз то 60 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ гуфт, агар сатҳи беморӣ ба ҳамон суръат афзоиш ёбад, ҷумҳуриро зарур аст ба қарантинаи шадид баргардад.

Бар пояи додаҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3290 нафар расида аз он 2636 каси шифо ёфтааст. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба 14 нафар мерасад.

Лентаи хабарҳо
0