13:43 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
453 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз сафари кории хешро ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нахуст аз Данғара оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара нахуст марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ба иттилои манбаъ, корхонаи истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд карда шуда, дар корхона асосан нахи пахта то ҳадди ниҳоӣ коркард гардида, аз он маҳсулоти тайёри гуногуни тиббии гигиенӣ ва косметологӣ тавлид меёбад.

Гуфта мешавад, тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии корхона то 5 миллион адад бинтҳои докагии пахтагин, салфеткаҳои пахтагин ва тиббии тамизшуда бо риштаи дар нурҳои рентгенӣ маълумшавандаро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон бинои нав ва хуштарҳу замонавии Суди ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод

Тибқи иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин имрӯз дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшидааст. 

Тавре иттилоъ дода шудааст, дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ — методӣ, хонаи вакилон ва ошхона таъсис дода мешаванд.

Дар ошёнаи панҷуми бинои ҳизбӣ бо назардошти талаботи давру замон меҳмонхона бо 7 ҳуҷра ва як утоқи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта аз ноҳияи Ҷайҳун дидан карда буд. 

Мавзӯъҳои асосӣ