21:52 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
201 0 0

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, барои аввалин бор ташхисгоҳи вирусологӣ ба кор андохта хоҳад шуд, ки имкон дорад минбаъд таҳлили бемории вируси корона ё COVID- 19 дар он арзёбӣ карда шавад

ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо зикри ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, озмоишгоҳи вирусологии ҷадид дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд таъсис дода шуда, қарор аст рӯзҳои наздик расман ба кор шурӯъ намояд.

“Озмоишгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани умдатан бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шудааст. Ҷараёни ташхис дар он 3 зинаро дарбар гирифта, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад”, афзуд Юсуфзод.

Аммо манбаъ дар бораи навъи таҷҳизоти озмоишгоҳ, аз куҷо ва бо чи қиммат хариддорӣ шудани он, иттилоъи возеҳ надод. Абдуғаффор Ҷабборов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Суғд, низ ба далели машғулияташ ба саволи мо, арзиши озмоишгоҳ ва хизматрасонии онро шарҳ дода натавонист.

“Ҳанӯз ҷараёни насби таҷҳизоти озмоишгоҳ тамом нашудааст, ва қарор аст баъди даҳ рӯз он расман ба фаъолият шурӯъ намояд”, гуфт Ҷабборов.

Ин дар ҳолест, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дирӯз дар зимни сафари кории худ, дар расми ифтитоҳи озмоишгоҳ иштирок карда, таъкид намудааст, ки фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки саривақт бемориҳои сироятӣ COVID-19 муайян ва пешгирӣ карда шавад.

Ба иттилоъи манбаъ ҳоло чанд нафар мутахассисоне, ки тоза курси махсуси омӯзиширо дар муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаштанд, дар озмоишгоҳ фаъолият намуда, минбаъд низ ба дигар кормандон тарзу усули гузаронидани таҳлилҳо омӯзонида мешавад.

Масъулони Раёсати тандуристии Суғд зикр мекарданд, ки таҳлили гумонбарон ба бемории COVID -19 барои ташхис ба озмоишгоҳи шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Қарор аст, бо фаъол шудани ташхисгоҳи вирусологӣ дар Хуҷанд минбаъд таҳлили беморӣ дар он арзёбӣ карда шавад. то имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Коршиносони умури тандурустӣ мегуянд, ба ҳисоби бемории коронавирус дар мубориза ба ҳар навъи беморӣ ташхиси амиқи он муҳим буда, он роҳро барои дармони бемориҳо боз мегардонад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
Барчаспҳо:
вирус, Душанбе, ташхис, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ