08:11 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1305 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ғарқшавии се ноболиғ ва як ҷавондухтари 25 - сола дар рӯдҳои кишвар давоми ду рӯзи ахир хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ғайб задани сокини 11 - солаи ноҳияи Восеъ хабар медиҳад.

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, ҳодиса шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00 замоне, ки дар ноҳияи Восеъ раъду барқ ва боди шадид мевазид, рух дод.

Манбаъ аз қавли пайвандони бедаракшуда менависад, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ аз санаи рух додани ҳодисаи нохуш то ҳол идома дорад, зикр мекунад манбаъ.

Дар рӯди Хингоб сайёҳи рус ғарқ шуд

Ҳамчунин нисфирӯзии 28-уми май кӯдаки 4-сола аз деҳаи Навид, ҷамоати деҳоти Навиди ноҳияи Рашт аз беэҳтиётии волидайнаш дар дарёчаи ин русто афтида ғарқ мешавад.

Баъд аз дарёфти хабари фаврӣ дастаи махсуси  наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рашт ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бо ҳамроҳии аҳолии деҳоти мазкур корҳои кофтуковиро ба роҳ монда, соати 16:20 дақиқа ҷасади ноболиғро ёфтан ва ба волидонаш супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як ҳодисаи дигари нохуш низ хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ омадааст.

Ин ҳодиса рӯзи 28 - уми май наздикиҳои аср дар ҷамоати деҳоти Айнӣ рух дод ва духтари 16-сола ба қасди худкушӣ худро дар дарёи Зарафшон ғарқ кард.

"Ба дастрас кардани хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони шуъбаи КҲФ дар водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд, вале то ҳол ҷустуҷӯи онҳо бенатиҷа аст.

Зимнан, нисфирӯзии 28-уми май сокини 25-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар оби обанбори Катасой шиноварӣ мекард, ғарқ шудааст.

Наҷотбахшон чҷсади беҷони ҷавонзанро то соати 16:05 дақиқа ҷустуҷӯ карда билохира пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Барчаспҳо:
ҷавондухтар, ноболиғ, ғарқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ