Духтараки ду сола зери чархи мошини боркаш ба ҳалокат расид

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуше, ки дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, фавти кӯдаки ду сола зери чархи мошини боркаш санаи 29-уми майи соли равон сурат гирифтаат.

Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Манбаъ қайд намудааст, ки ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Зил ММЗ-554”, Тошматов Эшонқул Добулович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Қ.Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомӣ ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан дар роҳи байнидеҳавии деҳаҳои Б.Ҳилолӣ ва Шерободи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи мазкур хурдсол Ватаниева Солеҳамоҳ Маҳмадюнусовна, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса хурдсол, Ватаниева Солеҳамоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир? кормандони милитсия аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабап дода буд, ки  як ронанда дар шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётӣ духтарчаи панҷ соларо дар назди нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ ба номи “AUTO SPО” пахш намуд.

Дар натиҷа, хурдсол Хайруллоева Нозия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0