20:10 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
360420

 Рустами Эмомал, раиси шаҳри Душанбе аз Бонки миллии кишвар дархост кардааст соҳикоронро дастгирӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.

Ба иттили манбаъ, бо дастури шаҳрдорӣ ҳамчунин қисме аз ҷойҳои ҷамъиятитӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус боз ним моҳи дигар баста хоҳанд монд.

Манбаъ мегӯяд, танаффус дар ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид шуданд.

Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдор вазифадор гаштаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Омори нави ошкоршавӣ, табобат ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон як қатор ҷойҳои ҷамъиятӣ муваққатан баста шуда, чорабиниҳои варзишӣ ва оммавӣ боздошта шуда, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо барои мизоҷон баста шуданд.

Барчаспҳо:
соҳибкор, Бонки миллии Тоҷикистон, дархост, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ