Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

© AP / Hadi MizbanГород Медина в Саудовской Аравии, архивное фото
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз дари беш аз 90 ҳазор масоҷид пас аз танаффуси тӯлонӣ ба рӯйи намозгузорон дар Арабистони Саудӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Зиёда аз 90 ҳазо масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо дар саросари Арабистони Саудӣ пас аз тавақуфи тӯлонӣ дар пайи паҳншавии коронавирус бомдоди имрӯз боз шуданд.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Дар бораи имрӯз кушодашавии ин рақам масоҷид Вазорати корҳои исломии Саудӣ дар сафҳаи Твиттерияш хабар дода буд.

"Омодагиҳои ниҳоӣ пеш аз оғози боз шудани беш аз 90 ҳазор масҷид ва ибодатхонаҳо  дар тамоми Арабистони Саудӣ барои намози бомдоди якшанбе идома доранд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Вазорат ҳузури одамони пиронсол ва кӯдаконро ҳангоми намозҳо номатлуб номидааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, аз намозгузорон даъват шудааст ба намоз танҳо бо ниқоб омада, инчунин масофаи ду метрро нигоҳ доранд, ки барои ин дар қолинҳои масҷид аломатҳои махсус гузошта шудаанд.

 Ба иттилои манбаъ,  масҷидҳоро танҳо 20 дақиқа пеш аз оғози намоз боз мекунанд ва пас аз 20 дақиқаи адои намоз баста мешаванд.

Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Арабистони  Саудӣ ба 83 384 нафар мерасад. Ҳамзамон аз ин беморӣ 58 883 нафар шифо ёфтаву 4 80 тани дигар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0