"Аттестат"-у диплом мефурӯхт: боздошти директори мактаб бо шариконаш

© Фото : ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷонсии мубориза бо фасод як роҳбари мактаби миёнаро боздошт кардааст, ки дар фурӯши шаҳодатномаи хатм муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Ҳусейн Қаюмов дар вазифаи Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Деваштич кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Истаравшан Фатулло Маҷидов ва Нодир Бобоев ба ин кор даст задаанд.

Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҷуразода Ш.Ш. барои ба ӯ бидуни таҳсил омода кардани додани шаҳодатномаи хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маблағи 5000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивази он ба ӯ шаҳодатномаи қалбакиро додааст.

“Инчунин, Қаюмов Ҳ.А. дар якҷоягӣ бо Бобоев Н.П. бо тарзу усули болозикр моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҷуразода Ш.Ш. барои ба номи шиносаш - Ғаффоров Б.Б. омода кардани додани дипломи хатми Омӯзишгоҳи касбии шаҳри Исфара, маблағи 4000 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудаанд”,- афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд,вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Ҳусейн Қаюмов, Фатулло Маҷидов ва Нодир Бобоев бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ба иттилои Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод, давоми соли гузашта 122 корманди Вазорати маориф ва илмро бо гумони даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ боздошт карда буданд.

 

Лентаи хабарҳо
0