Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

© Sputnik / Александр НестеровДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Асланшоҳ, сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

Лентаи хабарҳо
0