“Боло омад”: барканории прокурори ноҳияи Хуросон

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саид Сафарзода, прокурори ноҳияи Хуросон, аз вазифа барканор шуд. Аммо ин барканорӣ то ба ҳол расман эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Як манбаъ дар мақомоти ҳукумати ноҳияи Хуросон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барканории Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳоло ӯ  дар Душанбе қарор дорад.

“Аз рӯи маълумоти мо, ӯ дар Душанбе ба вазифаи баландтар гузаштааст. Аммо то ба ҳол дар ҷои ӯ нафари тоза муаррифӣ нашудааст”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Саид Сафарзода Шараф Мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) – ро хатм кардааст ва соли 2017 прокурори ноҳияи Хуросон таъин шудааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, прокурор ҳуқуқи панҷ сол кор кардан дар як вазифаро дорад ва Сафарзода метавонист ду соли дигар кор кунад.

Ин барканорӣ то куҷо ба ҳаводиси 20 рӯзи ахир дар ноҳияи Хуросон рабт дорад, маълум нест. 14 ба 16 майи соли равон дар пайи боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон селхезӣ ба вуқӯъ пайваста, даҳҳо хонаро тахриб кард ва даҳҳо нафарро дар кӯча гузошт.

Осебдидагон бо нишони эътироз аз набудани кӯмак роҳи Душанбе - Бохтарро бастанд. "То кӯмак нарасонанд, роҳро боз намекунем!"- шиор доданд онҳо.

Баъдтар ниҳодҳои ҳукуматӣ кӯмаки худро ба осебдидагон расонданд ва вазъ оддӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

Иттилои барканорӣ ва таъиноти нави Саид Сафарзода то ба ҳол расман таъйид нашудааст.

БАРКАНОРИИ Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ҲОЛО Ӯ ДАР Душанбе ҚАРОР ДОРАД.

Лентаи хабарҳо
0