14:25 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
333902

Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳо ба қонунгузории кишварро қабул кард, ки бар асоси он барои гаштугузори бидуни ниқоб, паҳн кардани беморӣ ва ахбори бардурӯғ ҷазо пешбинӣ шудаст

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik.  Аз Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд бар асоси тағйиру иловаҳо, ки имрӯз аз ҷониби вакилон қабул шуд, ба нафароне, ки сабабгори паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд, аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати такрори чунин кор, тағйироти нав аз 5 то 10 сол ҳабсро пешбинӣ намудааст.

Ба иттилои манбаъ ҳамчунин дар ин ҷаласа ба Кодекси маъмурии кишвар низ тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад ҷарима барои  пахши ахбори носаҳеҳ барои шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ шудааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 58 сомонӣ мебошад.

Масъалаи пӯшиш ниқобҳои тибби дар Тоҷикистон то рафт мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Ахиран Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва ҳамзамон  раҳбари Ситоди ҷумҳурияии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус аз мардум даъват карда буд, ки пушиши ниқобро риоят кунанд.

“Маска” надорӣ? Душанбе набиё! – тасмими нави шаҳрдории Душанбе

Қаблан низ сокинон гуфтанд риоя пӯшиши ниқоби тиббӣ дар пойтахт сахт аз ҷониби маъмурини пулис назорат мешавад ва ҳатто барои надоштани он ба Душанбе роҳ намедиҳанд.

 

Барчаспҳо:
ҷазо, парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ