Шикорчии маст дар Қашқадарё рост ба дили духтари 20 - сола тир зад

© PixabayОхотничье ружье, архивное фото
Охотничье ружье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шикорчӣ пас аз истифодаи машрубот шикори ҳайвонотро як сӯ гузошта дар дурбини силоҳаш духтари ношиносеро нишон гирифт, ки 50 метр дуртар буд ва нохост тирро сӯяш холӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Шикорчии маст дар Қашқадарё духари 20-соларо бо силоҳ аз дилаш захмӣ кард, вале пизишкон тавонистанд тирро аз қалбаш берун оранд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба нашриёти Новости Қашқадарё.

"Рӯзи шашуми июн сокини ноҳияи Яккабоғ К.С ҳамроҳи дӯстонаш ба назди кӯли сунъие, ки барои моҳигирӣ омода шудааст, рафт. Дӯстон бо силоҳи пневматикӣ мурғобиҳои ваҳширо шикор мекарданд", - омадааст дар хабарнома.

Яке аз шикорчиён пас аз истифодаи машрубот шикори ҳайвонотро як сӯ гузошта дар дурбини силоҳаш духтари ношиносеро тамошо мекард, ки 50 метр дуртар буд ва нохост ӯро паронд.

Пистолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Писар модари ҳомиладорашро паронд

Тавассути ҷарроҳӣ пизишкон тавонистанд тирро аз қалби духтари ҷавон берун оранд.

Талоши табибони Исфара барои ҳифзи саломатии Шукрона, ки дар марз тир хурд

Зиндагии духтарро ҷарроҳон - Олим Шомуродов, Шербек Яхшибоев ва Урал Шаминов наҷот доданд.

Нисбати шикорчӣ аз ҷониби шуъбаи ВКД ноҳияи Яккабоғ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0