00:06 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
804 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор намудани чанд ҳолати қаллобӣ хабар дод. Гуфта шудааст, ки гумонбарон дар содир намудани ин кирдорҳои қаллобӣ боздошт шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зимни як амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир када шуд.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон номбурда моҳи декабри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада бо баҳонаи аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Э.Шарипов гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,25 га, 40 ҳазор сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

Вазорати умури дохила қайд кардааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симганҷи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, охирҳои соли 2015, марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада бо баҳонаи аз ҳудуди деҳаи Тангаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,06 га, 10 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир, нисбати ҳодисаи мазкур низ тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
заминфурӯшӣ, боздошт, гумонбарон, ҳолат, қаллоб, вазорати умури дохила, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ