19:47 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1178 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, ки дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ як корхонаи коркарди нафт сӯхтори шадид рух дод, ки дар натиҷа хисороти зиёде ба бор овардааст

ДУШАНБЕ, 14 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон санаи 12 июн соати 11:47 дақиқа дар корхонаи коркарди нафт воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтори шадид рух дод.

Тавре Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои и фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст 5 зарфи нигаҳдории гази моеъ оташ гирифт ва хисорати калоне ба ин корхона овард.

Манбаъ зикр намудааст, ки ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо  хадамоти  сӯхторхомушкунии ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар шуданд.

“Сӯхтор тақрибан баъд ду соати сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - таъкид доштааст КҲФ Тоҷикистон.

Манбаъ қайд кардааст, ки сабаби сар задани сӯхтор аз тарафи мақомотҳои дахлдор дар рӯзҳои наздик муайян карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ иттилоъ надодааст, ки дар ин сӯхтори шадид чанд тонн аз моводи сӯзишворӣ сӯхта нобуд шуд. 

Барчаспҳо:
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, оташ, хисорот, нафт, корхона, сӯхтор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ