05:36 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
63610

Дуввумин эстакада ё роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки дар қисмати ғарбии пойтахт қарор дорад, пас аз 10 рӯз кушода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтан қарор аст эстакада 25 июн кушода шавад.

Ёдовар мешавем сохтмони дуввумин гузаргоҳи сеқабатае, қарор буд пас аз ба итмом расидани корҳои мумфаршсозии роҳҳои зеризаминияш авохири моҳи май ба истифода дода мешуд.
Ба иттилои манбаъ, эстакада бо ҳузури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд, эсткадаи сесатҳа дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шудааст.

Қаблан Вазорати нақлиёт  ва шаҳрдории пойтахт дар нишастҳои соли гузаштаашн зикр карда буданд, ки сохтмони ин иншоотҳо бояд то охири соли 2019 ба итмом мерасад.

Ёдовар мешавем нахустин эстакада дар Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт сохтмонаш соли 2016 оғоз гардидаву сентябри 2018 ба истифода дода шуд.

Сохтмони дуввумин эстакада дар Душанбе анҷом ёфт

Сохтмони эстакадаи яккум дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ гардида, бунёди он ба зимаи Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Чин ва назорати сифати сохтмон бар души Ширкати машваратии "SAI"-и Ҳиндустон гузошта шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ