23:26 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3514 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз садамаи маргборе дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд хабар медиҳад, ки ҷони як мусофирро гирифту чанд тани дигарро бистарӣ кард

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд субҳи рӯзи 14-уми июни соли 2020 мошини тамғаи "Мерседес", ки аз ҷониби хонуми 29-сола, сокини шаҳри Ваҳдат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар километри 11 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар мавзеъи Фондарё, воқеъ дар деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ ба умқи 10-20 метр сарозер шуд.

Гуфта мешавад, ки ронанда шояд аз он ки бо суръати баланд меомад, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба тарафи рости роҳ тоб хӯрд ва ба ҷарӣ чаппа шуд.

КҲФ мегӯяд, баъди огоҳӣ Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ронанда ва мусофирони дохили автомашинаро аз чуқурӣ бароварданд.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: писараки 4-сола ҳалок шуд

"Дар ин садамаи маргбор 1 нафар аз ҷумлаи мусофирон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ронанда ва ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористони марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ шуданд", - омадааст дар хабарнома. 

Бино ба иттилои манбаъ, шахси ҳалокшуда истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Раҷаббой Исмоилов буда, 21 сол доштааст.

Ронанда Мунира Мамадқулова, сокини шаҳри Ваҳдат, соли таваллудаш 1991, Акмалҷони Раҳмат соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ва Қудратов Азамат соли таваллудаш 1995 низ истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат бо захмҳои гуногун ҳоло дар бемористони ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудаанд.  

Манбаъ афзуда, сабабҳои ин садама аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтиш мешавад.

Барчаспҳо:
сарозершавӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, Тоҷикистон, садамаи нақлиётӣ

Мавзӯъҳои асосӣ